Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ман намемирам

ЗАИФ

“Агар дар ҷои ӯ будам, ту медонӣ, бародарҷон...”
“Агар дар ҷои ту будам, дигарсон кор мекардам”.
“Агар ман ҳам калон будам, ту медонӣ, ки дар як рӯз...”
“Агар ман чун фалон будам, чунон рафтор мекардам”.

“Агар ман ҷои Фирдавсӣ будам, аз баъди “Шаҳнома”
Ғазалҳои нишотафзову рӯҳангез мегуфтам”
“Агар дар ҷои Хайёми суханпардоз будам ман,
Ба ҷуз чанде рубоӣ достонҳо низ мегуфтам”.

Чунон воменамояд хешро ҳақдору ҷонсӯзе,
Ки гӯӣ ростӣ ҳам метавонад кард иқдоме.
Фарозу шеб дар пеши даҳонаш баски яксон аст,
Ба фарқи пухтагон по мениҳад бо ин ҳама хомӣ.

Ба саҳни бӯстонҳо гоҳ мехоҳад занад чаҳ-чаҳ
Ба ҷои булбули шӯрида ин гунҷишки жӯлида.
Ба ҷои пил мехоҳад кашад борею сарборе
Ба роҳи зиндагӣ ин хаскаши худро насанҷида.

Чунон дандон ба ҳам совида, мушташро гиреҳ карда,
Ба ҷои дигарон худро гузорад ин сабукандеш,
Ки гӯӣ ҳоли ҳозир мекунад кори худовандӣ,
Ки гӯӣ як худи ӯ баҳри дунё мекашад ташвиш.

Чу умре бурду обу нони мардум хурду роҳат кард,
Саропо даъвию лоф аст ин зоти заифу гоҷ.
Тамоми умр бистад аз фақирону ҳақирон сов,
Вале боре напардозад ба анбори ҷамоат боҷ.

[1986]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj