|
Фи-л-ъишо (дар илоҷи шабкӯрӣ)Касе, к-ӯро ба шаб кӯрӣ фазояд, Шабаш аз чашм биноӣ рабояд. Мар он касро ҳаме шабкӯр хонанд, Ба ҷуз шабкӯрӣ ин касро надонанд. Мар ӯро хурданӣ аз ҳабби ёра Бидеҳ, то дард з-ӯ гардад канора. Ҷигар лахте аз они буз гузида Нашояд, гар намак зӣ вай расида. Бурун кун нек лахте, дор пилпил, Ҷигар боре дигар бояд-т ҳосил. Бар ӯ бардор пилпил барниҳуфта, Ниҳода он гаҳе бар хишти пухта. Пас он хишт он гаҳе боз ору бардор, Ба оташ дар танӯри гарм биспор. Ки бирён шуд, набояд буд ғофил, Бурун ор аз миёнаш дори пилпил. Бинеҳ, то дори пилпил сард гардад, Бисой он гоҳ чун ӯ гард гардад. Ҷигар лахте дигар б-оташ-ш бигзор, Бимолу обаке равшан бурун ор. Аз ин пилпил шиёфе кун бад-он об, Илоҷи чашмро гӯ, зуд биштоб. Вагар худ з-он шиёфи заҳра ёбӣ, Дигар ин дардро з-ӯ барнатобӣ. Гар аз ислоҳ дорад зуд беҳтар, Нагардад, н-оварад ӯ ҳоли дигар. Илоҷаш он гаҳе аз сӯи хун аст, Нигар, то ҳол ӯро то-ш чун аст. Гараш хун ғалба дорад, зуд кифол, Бизан, то беҳ шавад-ш он бадшуда ҳол...
|