|
Ҷилди V: ДАСТУРИИ НАБАРД ХОСТАНИ ҲУМОН
АЗ ПИРОН
В-аз он лашкари турк Ҳумон далер
Биёмад ба пеши бародар чу шер,
Ки эй паҳлавони рад, Афросиёб,
Гирифт андар ин ҷанг моро шитоб.
Ба панҷум фароз омад ин рӯзгор,
Миён баста дар* ҷанг чандин савор,
Аз оҳан миён судаву дил зи кин,
Ниҳода ду дида ба Эронзамин.
Чӣ дорӣ ба рӯй андаровард рӯй,
Чӣ андеша дорӣ ба дил-дар, бигӯй?
Гарат рои ҷанг аст, ҷанг озмой,
В-агар рои баргаштан, эдар мапой,
Ки нанг аст* бар ту, аё паҳлавон,
Бар ин кор хандид* пиру ҷавон.
1 2 3 4 5 6 >>> |