Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Фирдавси


Ҷилди V: Разми Кайхусрав бо Шеда -
писари Афросиёб
Чу равшан шуд он чодари лоҷвард,
Ҷаҳон шуд ба кирдори ёқути зард.

Нишаст аз бари аспи ҷангӣ Пашанг,
Зи боди ҷавонӣ сараш пур зи ҷанг.

Ба ҷавшан бипӯшид равшан бараш,
Зи оҳан кулоҳи каён бар сараш.

Дурафшаш яке турки ҷангӣ ба чанг
Хиромон биёмад ба сони паланг.*

Чу омад ба наздики эронсипоҳ,
Яке номдоре бишуд назди шоҳ,

Ки омад саворе миёни ду саф,
Хурӯшону ҷӯшону теғе ба каф .

Ҳамегӯяд он номвар тезчанг,
Ки бо шоҳ гӯед, к-омад Пашанг.

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   >>>
Шоҳнома
Ҷустуҷӯ
Луғат










 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj