|
Ҷилди V: Подшоҳии Кайхусрав
Ҷанги Бузурги Кайхусрав бо Афросиёб
андар ситоиши Султон Маҳмуд
Зи Яздон бар он шоҳ бод офарин,
Ки нозад бар ӯ тахту тоҷу нигин.
Худованди тоҷу худованди ганҷ,
Худованди шамшеру хафтону ранҷ,
Ки ганҷаш зи бахшиш бинолад ҳаме,
Бузургӣ зи номаш биболад ҳаме.
Зи дарё ба дарё сипоҳи вай аст,
Ҷаҳон зери фарри кулоҳи вай аст.
Ба гетӣ ба кон-андарун зар намонд,
Ки маншури бахшиш варо барнахонд.
Зи душман ситонад, расонад ба дӯст,
Худованди пирӯзгар ёри ӯст.
Ба базм-андарун ганҷ бипроганад,
Чу разм оядаш, шеру фил афканад.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |