|
Ҷилди III: ОМАДАНИ ПИРОН БА СИЁВУШГИРД
Чу Пирон биёмад зи Ҳинду зи Чин,
Сухан рафта з-он шаҳри боофарин.
Ханида ба Турон Сиёвахшгирд,
К-аз ахтар чунин карда шуд рӯзи ирд.
Аз айвону аз коху полезу боғ,
Зи рӯду зи дашту зи кӯҳу зи роғ.
Шитоб омадаш, то бубинад, ки шоҳ
Чӣкард андар он моявар ҷойгоҳ.
Ҳар он кас, ки ӯ аз дари кор буд,
Бад-он базм бо ӯ сазовор буд.
Ҳазор аз хирадманд мардони гурд,
Чу ҳангомаи рафтан омад, бибурд.
Чу омад ба наздики он ҷойгоҳ,
Сиёвуш пазира шудаш бо сипоҳ.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |