|
Ҷилди III: БИНО КАРДАНИ СИЁВУШ СИЁВУШГИРДРО
Ҳаюне зи наздики Афросиёб
Чу оташ биёмад ба ҳангоми хоб.
Яке нома назди Сиёвуш ба меҳр
Навишта ба кирдори равшансипеҳр,
Ки то ту бирафтӣ, наям шодмон,
Аз андеша беғам наям як замон.
Валекин ман андархури рои ту
Ба Турон биҷустам ҳаме ҷои ту.
Гар он ҷо, ки рафтӣ, хушу хуррам аст,
Чунон чун бибояд, дилат беғам аст.
Бад-он подшоҳӣкунун бозгард,
Сари бадсигол андаровар ба гард.
Сипаҳбад буна барниҳоду бирафт,
Бад-он сон, ки солор фармуд тафт.
1 2 3 >>> |