|
Ҷилди II: РОЙ ЗАДАНИ АФРОСИЁБ БО МЕҲТАРОН
Чу бугзашт ниме зи гардонсипеҳр,
Дурахшанда хуршед бинмуд чеҳр,
Бузургон ба даргоҳи шоҳ омаданд,
Парастандаву бокулоҳ омаданд.
Яке анҷуман сохт аз бихрадон,
Ҳушивору корозмуда сарон.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«Аз рӯзгор
Набинам ҳаме бар ҷуз аз корзор.
Басе номдорон, ки бар дасти ман
Табаҳ шуд ба ҷанг-андарун анҷуман.
Басо шорсон гашт беморсон,
Басо гулситон низ шуд хорсон.
Басе роҳ, к-он размгоҳи ман аст,
Ба ҳар сӯ нишони сипоҳи ман аст.
1 2 3 4 5 6 >>> |