|
Ҷилди II: ХОБ ДИДАНИ АФРОСИЁБ ВА ТАРСИДАН
Чу як баҳра бугзашт аз тирашаб
Чунон чун касе, к-он биларзад ба таб,
Хурӯше баромад зи Афросиёб,
Биларзид бар ҷои орому хоб.
Парастандагон тез бархостанд,
Ба ҳар сӯ яке ғул-ғул оростанд.
Чу омад ба Гарсеваз ин огаҳӣ,
Ки шуд тира оини шоҳаншаҳӣ,
Ба тезӣ биёмад ба наздики шоҳ,
Варо дид хуфта бар он хоки роҳ.
Ба дар бар гирифташ, бипурсид аз ӯй,
Ки «Ин достон бо бародар бигӯй».
Чунин дод посух, ки «Пурсиш макун,
Магӯй ин замон эч бо ман сухун.
Бад-он то хирад боз ёбам яке, 1 2 3 4 5 >>> |