|
Ҷилди II: ОГОҲӢ ЁФТАНИ КОВУС АЗ
ОМАДАНИ АФРОСИЁБ
Ба меҳр - андарун буд шоҳи ҷаҳон,
Ки бишнид гуфтори корогаҳон,
Ки Афросиёб омаду сад ҳазор
Гузида зи туркон шумурда савор.
Дили шоҳ Ковус аз он танг шуд,
Ки аз базм ҷояш сӯи ҷанг шуд.
Яке анҷуман кард з-эрониён -
Касеро ки буд некхоҳи каён.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«Афросиёб
Зи боду зи оташ, зи хоку зи об
Ҳамоно ки Яздон накардаш сиришт,
Магар худ сипеҳраш дигаргуна кишт,
Ки чандон ба савганд паймон кунад,
Забонро ба хубӣ гаравгон кунад,
1 2 3 4 5 >>> |