|
Ҷилди II: ПУРСИДАНИ КОВУС КОРИ БАЧЧАГОНРО
Аз он пас нигаҳ кард Ковусшоҳ
Касеро, ки кардӣ ба ахтар нигоҳ,
Биҷусту зи Эрон бари хеш хонд,
Бипурсиду бар тахти заррин нишонд.
Зи Судобаву разми Ҳомоварон
Сухан рафт ҳар гуна бо меҳтарон.
Бад-он то шаванд огаҳ аз кори ӯй,
Ба дониш бидонанд кирдори ӯй.
В-аз он кӯдакон низ бисёр гуфт,
Ҳаме дошт пӯшида андар нуҳуфт.
Ҳама зиҷу суллоб бардоштанд.
Бад - он кор як ҳафта бигзоштанд.
Саранҷом гуфтанд, к-ин кай бувад,
Ба ҷоме, ки заҳр оганӣ, май бувад?
1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |