|
Ҷилди II: ОМАДАНИ СИЁВУШ БА НАЗДИ СУДОБА
Яке мард буд, номи ӯ Ҳирбад,
Зидуда дилу мағзу ҷонаш зи бад,
Ки бутхонаро ҳеч нагзоштӣ,
Калиди дари парда ӯ доштӣ.
Сипаҳдори Эрон ба фарзона гуфт,
Ки «Чун баркашад ҳур теғ аз нуҳуфт,
Ту пеши Сиёвуш ҳаме рав ба ҳуш,
Нигар, то чи фармояд, онро бикӯш.
Ба Судоба фармой, то пеши ӯй
Нисор оварад гавҳару мушкбӯй.
Парастандагон низ бо хоҳарон
Забарҷад фишонанд бо заъфарон».
Чу хуршед барзад сар аз кӯҳсор,
Сиёвуш биёмад бари шаҳрёр.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |