|
Ҷилди II: ЗОДАНИ СӮҲРОБ АЗ МОДАРАШ ТАҲМИНА
Чу нӯҳ моҳ бугзашт бар духти шоҳ,
Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ.
Ту гуфтӣ гави пилтан Рустам аст,
Ва ё Соми шер аст, ё Найрам аст.
Чу хандон шуду чеҳра шодоб кард,
Варо ном Таҳмина Сӯҳроб кард.
Чу якмоҳ шуд ҳамчу яксол буд,
Бараш чун бари Рустами Зол буд.
Чу сесола шуд, сози майдон гирифт,
Ба панҷум дили шермардон гирифт.
Чу даҳсола шуд, з-он замин кас набуд,
Ки ёраст бо ӯ набард озмуд.
Бари модар омад, бипурсид аз ӯй,
Бад-ӯ гуфт густох: «Бо ман бигӯй,
Ки ман чун зи ҳамширагон бартарам? 1 2 3 4 5 >>> |