|
Ҷилди II: СӮҲРОБ
ОҒОЗИ ДОСТОНИ СӮҲРОБ
Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,
Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
Яке достон аст пуроби чашм,
Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
Агар тундбоде барояд зи кунҷ,
Ба хок афканад норасида турунҷ.
Ситамкора хонемаш, ар додгар,
Ҳунарманд донемаш, ар беҳунар,
Агар марг дод аст, бедод чист?
Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист?
Аз ин роз ҷони ту огоҳ нест,
Бад-ин парда-андар туро роҳ нест.
Ҳама то дари оз рафта фароз,
Ба кас во нашуд ин дари оз боз.
Ба рафтан магар беҳтар ояд-т ҷой, 1 2 3 >>> |