|
Ҷилди II: ХОНИ ПАНҶУМ
ГИРИФТОР ШУДАНИ АВЛОД БА ДАСТИ РУСТАМ
В-аз он ҷо сӯи роҳ бинҳод рӯй
Чунон чун бувад мардуми роҳҷӯй.
Ҳаме рафт пӯён, ба ҷое расид,
Ки андар ҷаҳон равшаноӣ надид.
Шаби тира чун рӯи зангӣ сиёҳ,
Ситора на пайдо, на тобанда моҳ.
Ту хуршед гуфтӣ ба банд-андар аст,
Ситора ба хамми каманд-андар аст.
Инон Рахшро доду бинҳод рӯй,
На афроз дид аз сиёҳӣ, на ҷӯй.
В-аз он ҷо сӯи рӯшноӣ расид,
Замин парниён диду яксар хавид.
Ҷаҳоне зи пирӣ шуда навҷавон,
Ҳама сабзаву обҳои равон.
Ҳама ҷома бар тан-ш чун об буд, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 >>> |