|
Ҷилди I: НӮЗАР
БАР ТАХТ НИШАСТАНИ НӮЗАР
Чу сӯги падар шоҳ Нӯзар бидошт,
Зи кайҳон кулоҳи каӣ барфарошт.
Ба тахти Манучеҳр-бар бор дод,
Сипаҳро дирам доду динор дод.
Бузургони Эрон бари тахти ӯй
Ниҳоданд як-як абар хок рӯй,
Ки «Мо, шаҳрёро, ҳама бандаем,
Дилу дида аз меҳрат огандаем.»
Бар ин-бар наёмад басе рӯзгор,
Ки бедодгар шуд дили шаҳрёр.
Ба гетӣ баромад зи ҳар ҷой ғав,
Ҷаҳонро куҳан шуд сар аз шоҳи нав,
Ки ӯ расмҳои падар дарнавашт,
Або мӯбадону радон тунд гашт.
Раҳи мардумӣ назди ӯ хор шуд, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |