|
Ҷилди I: РАФТАНИ РУСТАМ БА КӮҲИ СИПАНД
Чу бишнид Рустам, баророст кор,
Бар он сон, ки буд дархури корзор.
Ба бори намак-дар ниҳон кард гурз,
Барафрохта паҳлавон ёлу бурз.
Зи хешон тане чанд бо худ бибурд
Касоне, ки буданд ҳушёру гурд.
Ба бори шутур-дар силеҳи гавон
Ниҳон кард он номвар паҳлавон.
Лаб аз чораи хеш дар ханд-ханд,
Чунин тозиён то ба кӯҳи Сипанд
Расиду зи кӯҳ дидбонаш бидид,
Ба наздики солори меҳтар давид.
Чунин гуфт, к-«Омад яке корвон,
Ба пеш - андарунанд бас сорвон.
Гумонам, ки бошад намак борашон, 1 2 3 4 5 6 >>> |