|
Ҷилди I: РАФТАНИ ЗОЛ БА РАСУЛӢ НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Нависандаро пеш биншонданд,
Зи ҳар дар фаровон сухан ронданд.
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо буду бошад ҳамеша ба ҷой.
Аз ӯяст неку баду ҳасту нест,
Ҳама бандагонем, Эзад якест.
Ҳар он чиз, к-ӯ хост андар бавиш,
Бар он аст чархи равонро равиш.
Худованди кайвону хуршеду моҳ,
Аз ӯ офарин бар Манучеҳршоҳ.
Ба разм - андарун заҳри тарёксӯз,
Ба базм - андарун моҳи гетифурӯз.
Гирояндагурзу кушояндашаҳр,
Зи шодӣ ба ҳар кас расонандабаҳр.
Кашанда дурафши Фаридун ба ҷанг, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 >>> |