|
Ҷилди I: ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ ДУХТАРИ ЭРАҶ
Баромад бар ин низ якчанд гоҳ,
Шабистони Эраҷ нигаҳ кард шоҳ.
Фаридун шабистон якояк бигашт,
Бар он моҳрӯён ҳама баргузашт.
Яке хубчеҳра парастанда дид,
Куҷо номи ӯ буд Моҳофарид,
Ки Эраҷ бар ӯ меҳри бисёр дошт,
Қазоро, канизак аз ӯ бор дошт.
Паричеҳраро бачча буд дар ниҳон,
Аз он шод шуд шаҳрёри ҷаҳон.
Аз он хубрух шуд дилаш пурумед,
Ба кини писар дод дилро навид.
Чу ҳангомаи зодан омад падид,
Яке духтар омад зи Моҳофарид.
Шуд уммеди кӯтоҳ бар шаҳ дароз, 1 2 >>> |