|
Ҷилди I: ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ
ХИРАД
Кунун, эй хирадманд, арҷи хирад
Бад-ин ҷойгаҳ гуфтан андархурад,
Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзад-т дод,
Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Аз ӯ шодмонӣ, аз ӯят ғам аст,
Аз ӯят фузунӣ, аз ӯят кам аст.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон.
Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ӯ бар хурад.
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Ҳушивор девона хонад варо, 1 2 >>> |