|
Ҷилди I: ГИРИФТАНИ РУСТАМ РАХШРО
Гала ҳар чи будаш зи Зобулситон,
Биёвард чанде зи Кобулситон.
Ҳама пеши Рустам ҳаме ронданд,
Бар ӯ доғи шоҳон ҳаме хонданд.
Дар аспе, ки Рустам кашидӣ ба пеш,
Ба пушташ фишурдӣ ҳаме дасти хеш,
Зи нерӯи ӯ пушт кардӣ ба ҳам,
Ниҳодӣ ба рӯи замин-бар шикам.
Чунин то биёмад якояк ба танг,
Фасила ҳаме ронданд ранг-ранг.
Яке модиён тез бигзашт хинг,
Бараш чун бари шеру кӯтоҳлинг.
Ду гӯшаш чу ду ханҷари обдор,
Бару ёл фарбеҳ, миёнаш низор.
Яке курра аз пас ба болои ӯ, 1 2 3 4 5 6 7 >>> |