|
Суол кардани расул аз Умар разийаллоҳу анҳу аз сабаби ибтилои арвоҳ бо ин обу гили ҷисмГуфт: «Ё Уммар, чӣ ҳикмат буду сир, Ҳабси он софӣ дар ин ҷойи кадир? Оби софӣ дар гиле пинҳон шуда, Ҷони софӣ бастаи абдон шуда». Гуфт: «Ту баҳсе шигарфе мекунӣ, Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ. Ҳабс кардӣ маънии озодро, Банди ҳарфе кардаӣ ту ёдро. Аз барои фоида ин кардаӣ? Ту ки худ аз фоида дар пардаӣ. Он кӣ аз вай фоида зоида шуд, Чун набинад, он чӣ моро дида шуд? Садҳазорон фоидасту ҳар яке, Садҳазорон пеши он як андаке. Он дами нутқат, ки ҷузви ҷузвҳост, Фоида шуд, кулли кул холӣ чарост? Ту ки ҷузвӣ, кори ту бо фоидаст, Пас, чаро дар таъни кулл орӣ ту даст? Гуфтро гар фоида набвад, магӯ В-ар бувад, ҳил эътирозу шукр ҷӯ. Шукри Яздон тавқи ҳар гардан бувад, Не ҷидолу рӯ туруш кардан бувад. Гар турушрӯ будан омад шукру бас Пас чу сирка шукргӯе нест кас. Сиркаро гар роҳ бояд дар ҷигар, Гӯ, бишав сиркангубин, ӯ аз шакар. Маънӣ андар шеър ҷуз бо хабт нест, Чун қалосанг асту андар забт нест.
Саҳифаи 83/173 |