|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
ТАХОРӢ (ТАҲОВӢ)Тахорӣ шоири муосири Рӯдакӣ ва маддоҳи Сомониён аст. Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ӯро дар радифи шоирони он замон мегузорад. Номи вай дар манбаъҳои қадим Таҳовӣ ва дар тазкираҳои ҷадидтар Тахорӣ зикр гардидааст. Саъид Нафисӣ ӯро аз Тахорони тобеи Марв ё Тахористони маъруфи шимоли Афғонистони имрӯза меҳисобад ва нисбати «Таҳовӣ»-и мансуб ба ноҳияи Таҳои воқеъ дар шимоли Мисрро дур аз ҳақиқат медонад.
Аз ашъори Тахорӣ танҳо ду байти зайл боқӣ мондааст:
Лаб-т гӯӣ ки нимкафта гул аст, Маю нӯш андар ӯ ниҳуфтастӣ. Зулф гӯӣ зи лаб ниҳозида-ст, Ба гила сӯи чашм рафтастӣ.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|