|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБӮИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢАбӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Ҷӯйбории Бухорӣ аз шоирони муосири Рӯдакӣ ва оли Сомон аст. Ба қавли Муҳаммад Авфӣ ӯ дар баробари шоирӣ касби заргарӣ низ доштааст. Панҷ байт аз ашъори ӯ боқӣ мондааст: Ба абр пинҳон кард офтоби тобонро, Ба сабза бинҳуфт он лолабарги хандонро. Ба сӯи ҳар ду маҳаш - бар ду шохи райҳон буд, Ба шохи мӯрдМӯрд – навъи дарахти шабеҳи анор бипайваст шохи райҳонро. Буте, ки хастадилонро ба бӯса дармон аст, Дареғ дорад аз ин дарддида дармонро. Ба абри найсон монам кунун ман аз ғами ӯ, Сазад, ки санъат хуб аст абри найсонро. Ба як гузар, ки саҳаргоҳ бар гулистон кард, Биҳишт кард саросар ҳама гулистонро.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|