|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБУЛМУАЙЯДИ БАЛХӢ
Абулмуайяди Балхӣ аз зумраи шоирони маъруфи нимаи аввали асри Х мебошад. Ӯ муаллифи «Шоҳномаи бузург» ё «Китоби Гаршосб» будааст, ки муаллифони кутуби адабии асрҳои X – XII аз он ёд кардаанд. Абулмуайяди Балхӣ аввалин касест, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-и манзум таълиф кардааст. Аз ин асар нишонае то замони мо ба ҷуз се байти мансуб ба он нарасидааст.
Абулмуайяди Балхӣ асари мансуре бо номи «Аҷоиб-ул-булдон» таълиф кардааст, ки бо номҳои дигар низ ёд мешавад ва нусхае аз он то замони мо расидааст.
Аз ашъори ӯ 22 байт боқӣ мондааст. Сафрои маро суд надорад налко, Дарди сари ман куҷо шиносад алко. Савганд хурам ба ҳарчи ҳастам, малико К-аз ишқи ту бигдохтаам чун калко.
Саҳифаи 1/14
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|