|
Ҷилди II: ОМАДАНИ СИЁВУШ БОРИ
ДУВУМ БА ШАБИСТОН
Ки бар чеҳри ту фарри чеҳри парист.
Ҳар он кас, ки аз дур бинад туро,
Шавад беҳушу баргузинад туро.
Аз ин хубруён ба чашми хирад
Нигаҳ кун, ки бо ту кӣ андарх(в)арад».
Сиёвуш фурӯ монду посух надод,
Чунин омадаш бар дили пок ёд,
Ки ман бар дили пок шеван кунам,
Беҳ ояд, ки аз душманон зан кунам.
Шунидастам аз номвар меҳтарон
Ҳама достонҳои Ҳомоварон.
Ки ӯ пеш бо шоҳи Эрон чӣ кард,
Зи гурдони Эрон баровард гард.
Пур аз банд Судоба, к-ӯ духти ӯст, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 >>> |