|
Ҷилди II: ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ КОВУС БА НАЗДИ КАЙСАРИ РУМ ВА АФРОСИЁБ
Аз эшону аз мо басе кушта шуд,
Замона ба ҳар неку бад гашта шуд.
Кунун омад аз кори ту огаҳӣ,
Ки тоза шуд он фарри шоҳаншаҳӣ.
Чу ту баргироӣ зи Барбар инон,
Ба гардан барорем яксар синон.
Замин кӯҳ то кӯҳ пурхун кунем,
Зи хуншон ҷаҳон рӯди Ҷайҳун кунем.
Фиристода бора барафканду рафт,
Ба Барбарситон рӯй бинҳод тафт.
Чу нома бари шоҳи Эрон расид,
Бад-ин гуна гуфтори боиста дид,
Аз эшон писанд омадаш коркард,
Ба Афросиёб он замон нома кард, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |