|
Ҷилди II: РАЗМ КАРДАНИ РУСТАМ БО СЕ ШОҲ
ВА РАҲО ШУДАНИ КОВУС АЗ БАНД
Силеҳи се кишвар, се ганҷи се шоҳ,
Саропардаи лашкару тоҷу гоҳ,
Сипаҳбад ҷуз ин хоста ҳар чӣ дид,
Ба ганҷи сипаҳдори Эрон кашид.
Биёрост Ковуси хуршедфар
Ба дебои румӣ яке маҳди зар.
Зи ёқут тоҷу зи пирӯза гоҳ,
Гуҳар бофта бар ҷулайли сиёҳ.
Яке аспи раҳвор зер-андараш,
Лагоми ба зар ожада бар сараш.
Ҳама чӯбу болош аз уди тар,
Бар ӯ бофта чанд гуна гуҳар.
Ба Судоба фармуд, к-андарнишин,
Ниҳон рав, чу хуршед зери замин.
1 2 3 4 5 6 7 >>> |