 |
|
|
 |
Амр кардани Сулаймон алайҳиссалом пашшаи мутазаллимро ба иҳзори хасм ба девони ҳукм Пас Сулаймон гуфт: «Эй зебо давӣ, Амри Ҳақ бояд, ки аз ҷон бишнавӣ». Ҳақ ба ман гуфтаст: «Ҳон, эй додвар, Машнав аз хасме ту, бе хасме дигар. То наёяд ҳар ду хасм андар ҳузур, Ҳақ наёяд пеши ҳоким дар зуҳур. Хасми танҳо гар барорад сад нафир, Ҳону ҳон, бехасм қавли ӯ магир. Ман наёрам рӯ зи фармон тофтан, Хасми худро рӯ биёвар сӯйи ман». Гуфт: «Қавли туст бурҳони дуруст, Хасми ман бод асту ӯ дар ҳукми туст». Бонг зад он шаҳ, ки эй боди сабо, Пашша афғон кард аз зулмат, биё. Ҳин, муқобил шав туву хасму бигӯ Посухи хасму бикун дафъи адӯ. Бод чун бишнид, омад тез-тез, Пашша бигрифт он замон роҳи гурез. Пас Сулаймон гуфт: «Эй пашша, куҷо? Бош то бар ҳар ду ронам ман қазо». Гуфт: «Эй шаҳ! Марги ман аз буди ӯст, Худ сиёҳ ин рӯзи ман аз дуди ӯст. ӯ чу омад, ман куҷо ёбам қарор? К-ӯ барорад аз ниҳоди ман димор». Ҳамчунин ҷӯёи даргоҳи Худо, Чун Худо омад, шавад ҷӯянда «ло». Гарчи он вуслат бақо андар бақост, Лек з-аввал он бақо андар фаност. Сояҳое, ки бувад ҷӯёи нур, Нест гардад, чун кунад нураш зуҳур. Ақл кай монад, чу бошад сардеҳ ӯ, «Куллу шайъин ҳолик илло ваҷҳуҳу». Ҳолик ояд пеши ваҷҳаш ҳасту нест, Ҳастӣ андар нестӣ худ турфаест. Андар ин маҳзар хирадҳо шуд зи даст, Чун қалам ин ҷо расида шуд, шикаст.
225/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|