 |
|
|
 |
Тафсири ин хабар, ки Мустафо алайҳиссалом фармуд: «Ло туфаззилуни ало Юнус ибни Матто» Гуфт пайғамбар, ки «Меъроҷи маро Нест бар меъроҷи Юнус иҷтибо. Они ман бар чарху они ӯ нишеб, З-он ки қурби Ҳақ бурун аст аз ҳисеб. Қурб на боло, на пастӣ рафтан аст, Қурби Ҳақ аз ҳабси ҳастӣ растан аст. Нестро чӣ ҷойи боло асту зер? Нестро на зуду на дур асту дер. Коргоҳу ганҷи Ҳақ дар нестист, Ғарраи ҳастӣ, чӣ донӣ «нест» чист? Ҳосил ин ишкасти эшон, эй киё, Менамонад ҳеч бо ишкасти мо. Ончунон шоданд дар зуллу талаф, Ҳамчу мо дар вақти иқболу шараф. Барги бебаргӣ ҳама иқтоъи ӯст, Фақру хориш ифтихор асту улуст. Он яке гуфт: «Ар чунон аст, он нидид, Чун бихандид ӯ, кӣ моро баста дид? Чунки ӯ мубдал шудасту шодияш Нест з-ин зиндону з-ин озодияш. Пас ба қаҳри душманон чун шод шуд? Чун аз ин фатҳу зафар пурбод шуд? Шод шуд ҷонаш, ки бар шерони нар Ёфт осон нусрату дасту зафар. Пас бидонистем, к-ӯ озод нест, Ҷуз ба дунё дилхушу дилшод нест. В-арна чун хандад, ки аҳли он ҷаҳон Бар баду неканд мушфиқ, меҳрубон». Ин бимунгиданд дар зери забон Он асирон, бо ҳам андар баҳси он: «То муваккал нашнавад, бар мо ҷаҳад, Худ сухан дар гӯши он султон барад».
220/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|