 |
|
|
 |
Тафсири ин оят, ки «ин тастафтиҳу фақад ҷоъакуму-л-фатҳу-л-оя». Эй тоъинон! Мегуфтед, ки аз мо ва Муҳаммад алайҳиссалом, он ки ҳақ аст, фатҳу нусраташ деҳ ва ин бад-он мегуфтед, то гумон ояд, ки шумо толиби Ҳаққед, беғараз. Акнун Муҳаммадро нусрат додем, то соҳиби ҳақро бибинед Аз бутону аз Худо дархостем, Ки бикан моро, агар норостем. Он ки ҳаққу рост аст аз мову ӯ, Нусраташ деҳ, нусрати ӯро биҷӯ. Ин дуъо бисёр кардему салот, Пеши Лоту пеши Уззову Манот. Ки агар ҳаққ аст ӯ, пайдо-ш кун, В-ар набошад ҳақ, забуни мо-ш кун. Чунки водидем, ӯ мансур буд, Мо ҳама зулмат будем, ӯ нур буд. Ин ҷавоби мост, к-он чӣ хостед, Гашт пайдо, ки шумо норостед». Боз ин андешаро аз фикри хеш Кӯр мекарданду дафъ аз зикри хеш. К-ин тафаккурмон ҳам аз идбор руст, Ки савоби ӯ шавад дар дил дуруст. Худ чӣ шуд, гар ғолиб омад чанд бор Ҳар касеро ғолиб орад рӯзгор. Мо ҳам аз айём бахтовар шудем, Борҳо бар вай музаффар омадем. Боз гуфтандӣ, ки гарчи ӯ шикаст, Чун шикасти мо набуд он зишту паст. З-он ки бахти неки ӯро даршикаст, Дод сад шодии пинҳон зери даст. К-ӯ ба ишкаста намемонист ҳеч, Ки на ғам будаш дар он, на печ-печ. Чун нишони мӯъминон мағлубӣ аст, Лек дар ишкасти мӯъмин хубӣ аст. Гар ту мушку анбареро бишканӣ, Оламе аз фавҳи райҳон пур кунӣ. В-ар шикастӣ ногаҳон саргини хар, Хонаҳо пурганд гардад то ба сар. Вақти вогашти Ҳудайбийя ба зул, Давлати «инно фатаҳно зад дуҳул».
218/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|