 |
|
|
 |
«Фасху азоим ва нақзуҳо», ҷиҳати бохабар кардан одамиро аз он ки молик ва қоҳир ӯст ва гоҳ-гоҳ азми ӯро фасх нокардан ва нофиз доштан, то тамаъ ӯро бар азм кардан дорад, то боз азмашро бишканад, то танбеҳ бар танбеҳ бувад Азмҳову қасдҳо дар моҷаро Гоҳ-гоҳе рост меояд туро. То ба тамъи он дилат нийят кунад, Бори дигар нийятатро бишканад. В-ар ба куллӣ бемуродат доштӣ, Дил шудӣ навмед, амал кай коштӣ? В-ар накоридӣ амал аз урияш, Кай шудӣ пайдо бар ӯ мақҳурияш? Ошиқон аз бемуродиҳои хеш Бохабар гаштанд аз мавлои хеш, Бемуродӣ шуд қаловузи биҳишт, «Ҳуффати-л-ҷанна» шунав, эй хушсиришт! Ки муродотат ҳама ишкастапост, Пас, касе бошад, ки коми ӯ равост. Пас шуданд ишкастааш он содиқон, Лек ку худ он шикасти ошиқон? Оқилон ишкастааш аз изтирор, Ошиқон ишкаста бо сад ихтиёр. Оқилонаш бандагони бандиянд, Ошиқонаш шаккариву қандиянд. «Иътино карҳан» маҳори оқилон, «Иътиё тавъан» баҳори бедилон.
216/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|