|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر سوم |
|
|
Бақияи зикри он меҳмони масҷиди меҳмонкуш Бозгӯ, к-он покбози шермард Андар он масҷид чӣ бинмудаш, чӣ кард? Хуфт дар масҷид, худ ӯро хоб ку? Марди ғарқагашта чун хусбад ба ҷӯ? Хоби мурғу моҳиён бошад ҳаме Ошиқонро зери ғарқоби ғаме. Нимшаб овози боҳавле расид, К-оям-оям бар сарат, эй мустафид! Панҷ каррат инчунин овози сахт Мерасиду дил ҳамешуд лахт-лахт.
Саҳифаи 210/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|