Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت
اخبار
تأریخ مختسر کمیته
فعالیت کمیته
کارمندان کمیته
فرهنگنگاری
مقاله ها
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

Толиби Розӣ (Шарипов) Ояндаи Тоҷикистон дар ҷомеаи иттилоотии қарни асри XXI..

Имрӯз башарият гирифтори таҳаввулоти азиме аст, ки онро инқилоби иттилоотӣ низ мегӯянд. Ин инқилоб қодир аст, ки ҳаёти инсон – кор, зист, тарзи андеша ва ҳатто муносибат ба худашро куллан тағйир диҳад. Тафовути он аз инқилобҳои технологии қаблӣ, ки ба моддиёт ва энергия такя мекарданд, дар он аст, ки ба тағйир додани мафҳумҳои мабноии мо аз қабили вақт, фазо, масофа ва дониш асаргузор шудааст. Ин инқилоб, қабл аз ҳама, риштаи саноеи ҷадид – санъати иттилоотиро дар мадди аввал мегузорад. Ин саноат ба тавлиди васоили техникӣ, усул ва текнологияҳо дар истеҳсоли дониши ҷадид бастагӣ дорад. Ташкилдиҳандаи муҳимтарини ин саноеи иттилоотӣ ҳама гуна текнологияҳои иттилоотӣ, бавижа иртибот аз роҳи дур (telecommunication),мебошад.Технологияҳои иттилоотии замонавӣ ба пешрафти васоили компютерӣ ва васоили мухобирот такя мекунанд. Имрӯз ҷузви иттилоотӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи одамон нисбат ба ҷузвҳои дигар бештар шудааст. Аз ин рӯ вожаи «иттилоот» (information) маънии сеҳромезеро гирифтааст. Ин истилоҳ бо даҳҳо шаклу таркиб ва иборот ба фарҳанги забонҳои ҷаҳон ворид гаштааст. Табиати инқилоби иттилоотӣ то ҳоло пурра баррасӣ нашудааст, аммо маънои он беш аз пеш ошкор мегардад. Ин аст, ки пешравии технологияҳои иттилоотӣ ба пешравии ҷомеа овардааст ва мафҳуми ҷомеаи иттилоотиро эҷод кардааст. ҷомеаи иттилоотиро олимон чӣ гуна мефаҳманд? Бархе аз олимони дунё бар ин ақидаанд, ки «дар тӯли даҳаи охир башарият ин қадар иттилоотро дастраси инсон сохтааст, ки дар тамоми таърихи қаблӣ ба даст оварда буд». Инро тасаввур кардан ба содагӣ нест ва бинобар ин бовар кунондани бештари мардум, бавижа дар кишварҳои севвум, ба ин ақида кори осоне набудааст. Олимони Япония чунин мешуморанд, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ раванди компютерӣ кардани ҷомеа, ба одамон имкони дастрасӣ ба манобеи эътимодноки иттилоот муҳайё месозад ва ин иқдом онҳоро аз иҷрои корҳои сангин раҳоӣ дода, сатҳи баланди коркарди иттилоотро дар истеҳсолот ва иҷтимоиёт таъмин месозад. Тавлиди маҳсулоти иттилоотӣ қувваи пешбари ҷомеа мешавад, на маҳсулоти моддӣ. Фаровардаҳои моддӣ бештар аз лиҳози иттилоот пурзарфтар мешаванд. [ ] Дар ҷомеаи иттилоотӣ на танҳо истеҳсолот, балки тарзи зист ва системи арзишҳо низ тағйир меёбанд. Нисбат ба ҷомеаи санъатӣ, ки аксаран машғули тавлид ва истеъмоли колоҳои мавриди масраф ҳастанд, дар ҷомеаи иттилоотӣ бештар дониш тавлид ва истеъмол мешавад, ки ба афзоиши кори фикрӣ меварад. Аз инсон тавоноии эҷодӣ ва дониши бештар талаб карда мешавад. [ ] Аз ин рӯ кишварҳоро бештар на аз лиҳози захираи маъдану нефт, тиллову захоири дигари моддӣ, балки аз он ҷиҳат, ки онҳо чӣ захираҳои иттилоотиро доро ҳастанд, арзиш қоил мешаанд ва эътироф мекунанд. Даҳҳо ширкати хурду бузургро метавон ном бурд, ки танҳо фаровардаҳои нармафзори иттилоотӣ тавлид мекунанд ва даромади софи солонаи ҳар кадомашон бештар як миллиард доллари амрикоӣ аст. Ба ақидаи мутахассисони Олмон, ҷомеаи иттилоотӣ ин ҷомеаест, ки дар он нақши асосиро дастрасӣ ба манобеи иттилоотӣ, коркард, захирасозӣ, интиқол, пахш ва истифода кардани донишу иттилоотро ба ҷо меоваранд. Бар илова, ин равандҳо қодир хоҳанд буд, ки худашонро пайваста худашон ривоҷу равнақ диҳанд. [ ] ҷомеаи иттилоотӣ – ҷамъиятест, ки дар он аксари мардум машғули тавлид, захирасозӣ, коркард ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иттилоот, бавижа шакли олии он – дониш мебошанд. Тибқи маълумотҳое, ки тавассути шабакаи Интернет пахш мешаванд, аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба он шакле, ки ҷомеаи иттилоотиро олимон пешгӯӣ мекарданд, наздик гардидаанд. Дар Япония дар ҳоли ҳозир тақрибан 45% аҳолӣ, дар ИМА наздики 40%, дар Олмон наздики 37% ва ғ. метавонанд фаровардаҳои тавлидотии худро тавассути шабакаҳои компютерӣ дар хона анҷом диҳанд. Вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ Ба тарзи фишурда вижагиҳои ҷомеаи иттилоотиро дар ҳоли ҳозир чунин баён метавон кард: мушкилоти бӯҳрони иттилоотӣ, яъне тазод байни сел ё уқёнуси иттилоот, аз як тараф ва норасоӣ ё гуруснагии иттилоотӣ, аз тарафи дигар, рафъ шудааст; авлавияти захираҳои иттилоотӣ нисбат ба дигар захоир таъмин гардидааст; тарзи аслии инкишофи ҷомеа иқтисоди иттилоотӣ мегардад; технологияҳои иттилоотӣ ҷанбаи саросарӣ мегарданд ва тамоми риштаҳои фаъолияти иҷтимоии инсонро фаро хоҳанд гирифт; ҷомеаи дониш, яъне ҷомеае, ки шарти асосии беҳзистии ҳар инсон ва ҳар давлат ба дониш ва тавоноии баҳрабардорӣ аз захираҳои донише, ки дастрас ҳастанд, бастагӣдорад; ҷомеаи саросарӣ, ки дар он табодули иттилоот маҳдудияти замонӣ, фазоӣ ва сиёсӣ надорад ва барои ҳар ҷомеа имконоти беандозаи рушдро фароҳам месозад. Бо вуҷуди ин ки ҷомеаи иттилоотӣ ҷанбаҳои мусбати зиёде дорад, баъзе хатар ва мушкилот низ барои он пешгӯӣ мешавад: расонаҳои хабарӣ бештар ба ҷомеа асар мерасонанд; технологияҳои иттилоотӣ метавонанд ба зиндагии хусусӣ ё муассисае зараррасон бошанд, мафҳуми таҷовузи иттилоотиро ба бор оваранд ва бинобар ин масъалаи интихоби иттилооти эътимоднок вуҷуд дорад; теъдоди зиёди мардум мушкили созгор шуданро ба муҳити ҷомеаи итиилоотӣ доранд. Хатари яке дигареро нафаҳмидан байни тавлидкунандагони маҳсулоти иттилоотӣ ва истеъмолкунандагон вуҷуд дорад. Бартариҳои ҷомеаи иттилоотӣ Вижагии аслии ҷомеаи иттилоотӣ дар дастёбӣ озод ба манбаъҳои иттилоот ва озодии пахш кардани он мебошад. Ин ба комилгардонии ойинҳои демократӣ мусоидат намуда, ба инкишофи ҳамаҷонибаи рақобати содиқона ва таъмини ҳуқуқи масрафкунандагон кӯмак хоҳад кард. ҷомеаи иттилоотӣ ба имконоти бештари мукаммалгардонии сохтори давлатӣ, беҳсозии баҳрабардорӣ дар мавриди бакоргирии захоири моддиву инсонии ҷомеа, афзоиши бакороии истеҳсолот барои инкишофи хадамоти печидаи омӯзишу парвариш, барои сарфаҷӯии захоири табийӣ ва ҳифзи муҳити зист кӯмак ва мусоидат мекунад. ҷомеаи иттилоотӣ тадриҷан ба ҷомеаи «хирадманд» табдил меёбад, ки дар он бо ҳадафи беҳбудсозии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт тавассути коркарди илмии додаҳо ва иттилоот, бо дастгирии илм, тасмимоти андешмандона ва истидлол қабул мешаванд. Хирад, ки ба иттилоот ва дониш мубтанӣ мешавад, қодир ҳоҳад буд ҷомеаеро парвариш намояд, ки дар он адолати иҷтимоӣ ҳукмфармо бошад, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзиши на камтар аз арзиши ҷабҳаи иқтисодиву моддӣ дода тавонад. Истифодаи васоили иртиботии электроникӣ бакуллӣ системи омӯзишу парваришро тағйир хоҳанд дод: теъдоди бештари мардум аз имконоти омӯзиш аз роҳи дур истифода мекунанд ва бо усули модомуламр савияи дониши хешро афзоиш хоҳанд дод. Бартарии муҳими дигаре, ки ҷомеаи иттилоотӣ ба бор меоварад, ин аст, ки системи тандурустӣ тавассути дастгоҳҳои баландарзиши муштарак ва пахши ҳамзамони иттилооти мавриди ниёз аъмоли мураккаби пизишкӣ ва ҷилавгирии бемориро сареътар ва беҳтар анҷом медиҳад. Шароити сохтмони ҷомеаи иттилоотӣ Нуктаҳои зерро метавон ҳамчун шартҳои аслии ҷомеаи иттилоотӣ пешниҳод кард: ташаккули фазои воҳиди иттилоотии ҷаҳонӣ, пешрафти равандҳои ҳамгироии иттилоотӣ ва иқтисодии минтақаҳо, мамлакатҳо ва миллатҳо; барпо шудан ва минбаъд ҳукмфармо гардидани тартиботи нави иқтисодӣ, ки дар он ба технологияҳои нави иттилоотии пешрафта, васоили компютерӣ ва иртибот аз роҳи дур такя карда мешавад; сохтани бозори иттилоот ва дониш ҳамчун аъмоли тайинкунандаи истеҳсолот, гузариши захираҳои иттилоотии ҷомеа ба манобеи воқеии инкишофи иҷтимову иқтисодӣ, таъмини воқеии ниёзҳои маҳсулоти иттилоотӣ ва хадамотии ҷомеа; инкишофи зербинои васоили мухобиротӣ, ҳамлу нақл ва созмондиҳӣ барпо кардани муҳити иттилоотӣ парвариш ва омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни ҷомеа ва парвариши фарҳанги иттилоотии онҳо (мафҳуми фарҳанги иттилотӣ ва роҳҳои ташакулёбии он ниёз ба баҳси дигаре дорад); таъмини бехатарии иттилоотии шахсият, ҷомеа ва давлат; барпо кардани системи муассири таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳифзи шароити иҷтимоии онҳо. Дар ҳар сурат сохтани ҷомеаи иттилоотӣ дар мавриде имконпазир аст, ки ақидаҳо, ҳадафҳои он аз ҷониби аксари омма дастгирӣ ва эътироф гарданд. Барои ин пайваста шумораи ҳарчи бештари мардумро тавассути созмону гурӯҳҳои мухталиф бояд ба омӯзишу таблиғи ин раванду ақидаҳо сафарбар кард. Бар пояи таҷрибаи кишварҳои пешрафта ин нуктаро низ бояд зикр кард, ки дар мамлакатҳои ақибмонда қабл аз ҳама бояд аз ақидаи «аввалан вазъи иқтисодии кишварро бояд беҳбуд сохт ва баъдан …» даст кашид. Вижагиҳои гузариши ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ Дар мавриди вазъи иқтисодии кунунии ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонаҳои хабарии мухталиф метавон аксари иттилоотро пайдо кард. Дар ин ҷо ба заминаҳое, ки ба унвони мақола – «гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ» мансубияте доранд, назар меафканем. Тоҷикистон вижагиҳои хоси худро дар ин маврид дорост. Мушкилоти аслии ин раванд бо таъминоти хеле заиф ва ночизи моддӣ-техникӣ, сармоягузорӣ ва таъмини ҳуқуқии информатикунонӣ, ки ҷабҳи стратегии гузариш ба ҷомеаи иттилоотиро ташкил медиҳад, тааллуқ дорад. Аз ҷумлаи ин мушкилот метавон инҳоро овард: бӯҳрони шадиди системи маориф ; ақибмонӣ дар тараққиёти зербинои мамлакат ва беш аз ҳама камбуди васоили компютерӣ, мухобиротӣ ва иртибот аз роҳи дур; иваз нашудани хатҳо ва шабакаҳои телефонӣ, ки аксари онҳо ба технологияи ҳозираи мухобирот созгор нестанд; ақибмонӣ дар қабул кардани қонунҳои миллӣ роҷеъ ба иттилоот; маблағгузории ночиз ё адами сармоягузорӣ дар мавриди таҳқиқоти илмӣ дар заминаи информатика ва ҳуқуқ дониш ва фарҳанги иттилоотӣ-ҳуқуқии хеле заифи тамоми табақаҳои ҷомеа; мавҷуд набудан ё хеле ночизу норавшан будани ҳар гуна таблиғот тавассути расонаҳои гурӯҳӣ ва корҳои ошносозиву омӯзиши ин равандҳо; ғайри қобили қабул будани компютерикунонии ҷомеа, бавижа муассисаҳои омӯзишу парвариш; баррасӣ ва қабул нашудани стандарти милии табодули иттилоот (алифбои тоҷикӣ) ва ҳамчунин муаррифию ҳифз накардани онҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва ғ. Ба андешаи банда, дар ин марҳилаи ибтидои гузариш муҳимтарин масъала аз ҷумлаи масъалаи зикршуда-ошносозии ҳарчӣ бештари аъзои ҷомеа ба аҳдоф ва равандҳои гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ мебошад. Агар аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон ва масъулони давлатӣ, бо асли мафҳуми ҷомеаи иттилоотӣ ва равандҳои барпосозии он ба таври кофӣ ошно бошанд ва моҳияти онро хуб дарк кунанд, бештари мушкилот аз байн хоҳанд рафт. Ин аъмол маблағгузории на чандон зиёдеро тақозо дорад. Дар ҳоли ҳозир роҳҳои ташаккул ва инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон бозшиносӣ мешаванд. ҳамчуноне ки президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов таъкид карданд «Тоҷикистон набояд макони технологияҳои кӯҳна ва ва аз коруфтода бошад...», тамоми масъулон ва дастандаркорон ин масъулиятро бояд дошта бошанд, ки рақобати бозори ҷаҳонӣ ба кишварҳои ақибуфтода, ба мисли Тоҷикистон, ҳамарӯза сели технологияҳои аз кор уфтодаро бо нархҳои «арзон» пешниҳод мекунанд. Магар бо ин технологияҳо метавон маҳсулоти имрӯза ва рақобатпазирро тавлид кард? ҳаргиз на! Пас пешрафти ҷомеаро дар кишварҳои мисли Тоҷикистон чӣ тавр метавон таъмин кард? Бештари ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Агар ба ин аз диди онҳо ва ояндаи кишвар, ки он ҳам дар дасти онҳост, назар андозем ва баёноти дар боло зикр шударо хубтар таҳлил намоем, ба тарзи фишурда чунин дурнамои пешрафти мамлакатро метавон ҳамчун альтернатив пешниҳод кард: системаи маориф аз макотиби ибтидоӣ то донишгоҳҳо ба таври фаврӣ ва куллан тағйир дода шавад; талабот нисбат ба муассисоти омӯзишӣ ба дараҷаи байналмилалӣ бардошта шавад; аз ақидае, ки пешрафти иқтисодӣ дар нисбат ба тарафҳои дигари ҳаёти ҷомеа авлавият дорад, қатъиян бояд даст кашид; аз истеҳсолоте, ки маҳсули он рақобатпазир нест ва бозори кофӣ надорад, бояд озод шуд; этироф кардани авлавияти сектори иттилоотӣ дастгирии зербинои навини иттилоотӣ ва хадамотӣ, ки қодир ҳастанд ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат кунанд; маблағгузории ҳадди аксар ба информатикунонии давлатӣ ва хусусӣ ҳарчи сареътар ва комилан иваз кардани системҳои шабакаи телефонӣ аз ҷониби давлат расман эълом доштани ин нукта, ки ҳадафи аслиаш баланд бардоштани беҳзистии шаҳрвандон ва кишвар мебошад ва инро тавассути гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ, бо осон кардани шароити иртиботу коркарди иттилоот ба даст хоҳад овард. Натиҷаи раванди информатикунонӣ ҷомеа сохтани ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки дар он на бо объектҳои моддӣ, балки бо аломатҳо, идеяҳо, нақшҳо, фикру андеша ва донишҳо доду гирифт мекунанд. Агар инсониятро куллан дар назар бигирем, дар замони ҳозир башарият аз ҷомеаи санъатӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ мегузарад. Ва чуноне ки олимон пешгӯӣ мекунанд, ин давра тақрибан 20 соли дигар давом хоҳад кард. Бозори иттилоотии дар Тоҷикистон Хилофи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии таи даҳ соли охир Тоҷикистон, ҷавонмардони боҳушу андешманд пайдо шуданд, ки бидуни ҳар гуна кӯмак тавонистанд ба кишварашон, ба ниёзмандони маҳалливу хориҷӣ имконоти дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро таъмин созанд. Аксари ширкатҳои хусусӣ бо назардошти вазъи молии донишгоҳҳо ба ҳар кадом донишгоҳи пойтахт то ҳудуди муайяни дастрасӣ ба шабакаи Интернетро ба тарзи ройгон фароҳам сохтаанд. Аввалин ширкате, ки дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон будааст, ширкати Telecom Technology Ltd. мебошад. Ин воқеа охири соли 1998 ба вуқӯъ пайвастааст. Ин ширкат дар соли 1994 таъсис шуда ва бештар аз 35 шабакаи маҳаллӣ ва иттиҳодиявиро созмон додааст. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ намояндагии худро бунёд кардааст. Аз он ҷумла дар шимоли кишвар – вилояти Суғд ва маркази он-Хуҷанд, ки аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта буда, ҷамъияти зиёде он ҷо иқомат дорад, бо таъсиси намояндагии ширкати Telecom Technology Ltd. мардуми он минтақаро ба олами Интернет пайвастааст. Нишонии сайти ин ширкат дар шабака чунин аст: www.tajnet.com. Дуввумин ширкати дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон ширкати Babilon-T мебошад. Ин муассиса, ки каме бештар аз як сол таъсис шудааст, дар дастраскунӣ ба Интернет, баланд бардоштани сатҳи хадамот хеле пешрафт кардааст. Бо дастгирии ин ширкат дар ҳамҷоягӣ бо хазинаи кӯдакони Мирзо Турсунзода омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва иртибот аз роҳи дур (telecommunication) барои бачагони синфҳои 7-10 мактаби махсус таъсис шудааст. Бачагон дар ин омӯзишгоҳ 3-4 сол комилан ройгон таҳсил мекунанд. Тибқи барномаи пешбинишуда, хатмкунандагони ин омӯзишгоҳ технологияҳои иттилоотиро то дараҷаи ҳирфаӣ бояд фаро гиранд. Нишонии сайти ин ширкат дар шабака чунин аст: www.somoni.com. Дар ҷумҳурӣ боз се ширкати дастраскунандаи Интернет мавҷуд аст. Теъдоди омӯзишгоҳҳои давраии компютер дар шаҳри Душанбе беш аз 10 аст, ки ба истиснои муассисаи зикршуда пулӣ ҳастанд ва барои як давраи омӯзиш аз $5 то $50 маблағ мегиранд. Тибқи иттилооте, ки дар як конфронси роҷеъ ба Интернет баён гашт, дар ҷумҳурӣ барои бештар аз 10 ҳазор нафар почтаи электроникӣ дастрас аст. Тақрибан дар ҳама манотиқи кишвар имкони дастрасӣ ба василаи иртиботӣ Интернет мавҷуд аст. Дурнамои ҳамгироии Эрон ва Тоҷикистон дар пешрафти равандҳои барпосозии муҳити иттилоотии муштарак Мардуми Тоҷикистон ва Эрон муштаракоти чандинҳазорсола доранд ва гумон меравад ба идомаи ин собиқаи беҳамтои таърихӣ манфиатдоранд, ки дар ин марҳилаи бениҳоят барояшон ҳассос ҳамгироии бештар ва амиқтаре дошта бошанд. Таи чанд сафаре, ки ба кишвари азизи Эрон доштаам, каму беш аз вазъи итилоотии он огоҳ ҳастам ва мутмаинам, ки заминаҳои чунин ҳамкориҳо хеле зиёданд. Ба таври хеле фишурда дар доираи мавзӯи зикргардида метавон чунин пешниҳод кард: идомаи тарҳи ҳамоҳангсозии матни форсӣ ва тоҷикӣ, ки тибқи он бояд нармафзори компютерие таҳия гардад, ки қодир ба табдили ҳама гуна матн аз форсӣ ба тоҷикӣ ва билакс бошад; бар мабнои ин нармафзор бояд китобхонаи муштараки электронии Эрону Тоҷикистон таъсис гардад, ки дар он тамоми иттилоот ба ду хат мавҷуд бошад. Хушбахтона, васоили компютерии замонавӣ ин имконотро доранд. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорати ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад сарпарастии ин тарҳро ба ӯҳда дошта бошад; Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ҳамҷоя бо мутахассисини забоншиноси тоҷик ва истифода аз технологияҳои ҷадиди компютерӣ дар гирдоварӣ ва таҳияи фарҳангҳои мухталифи забони ҳозираи тоҷикӣ нақши аслиро ба ӯҳда дошта бошад; эҷоди системи электроникии муштараки табодули иттилоот байни тамоми муассисаҳои ду кишвар.
Дигар мақолаҳо:
Забон рукни асоситарини давлатдорист..
Раванди ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ расидани ҷумҳурии тоҷикистон як марҳилаи мушкили давраи навини таърихи тоҷикистон аст. Мардуми тоҷикистон дар давраи муҳокима ва қабули қонуни забон ба таври возеҳу равшан рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии худро нишон доданд. Метавон гуфт,ки муҳокима ва қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани тоҷикистон аст. бештар>>
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода.
14октябри соли 2011 дар бинои асосии ширкати «Вавилон-Мобайл» озмуни «Сомонаибеҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода» ҷамъбаст гардид. Дарчорабинии мазкур миёни 17 барномаи пешниҳодшуда нафар 3 сомонаи беҳтарининтихоб карда шуданд. Инчунин кори 5 довталаби дигар низ ба инобат гирифташуда, соҳибони онҳо қадрдонӣ карда шуданд. бештар>>
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵