 |
|
|
 |
Ҷавоби таъназананда дар маснавӣ аз қусури фаҳми худ Эй саги тоъин! Ту ав-ав мекунӣ, Таъни Қуръонро буруншав мекунӣ. Ин на он шер аст, к-аз вай ҷон барӣ, Ё зи панҷай қаҳри ӯ имон барӣ. То қиёмат мезанад Қуръон нидо: «Эй гурӯҳе ҷаҳлро гашта фидо! Ки маро афсона мепиндоштед, Тухми таъну кофирӣ мекоштед. Худ бидидет он ки таъна мезадет, Ки шумо фониву афсона будет. Ман каломи Ҳаққаму қоим ба зот, Қути ҷони ҷону ёқути закот. Нури хуршедам фитода бар шумо, Лек аз хуршед ногашта ҷудо». Нак манам янбӯъи он оби ҳаёт, То раҳонам ошиқонро аз мамот. Гар чунон ганд озатон нангехтӣ, Ҷуръае бар гӯратон Ҳақ рехтӣ. На, бигирам гуфту панди он ҳаким, Дил нагардонам ба ҳар таъне сақим.
208/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|