 |
|
|
 |
Тафсири «Ё ҷиболу аввиби маъа ва-т-тайру» Рӯйи Довуд аз фараш тобон шуда, Кӯҳҳо андар паяш нолон шуда. Кӯҳ бо Довуд гашта ҳамраҳе, Ҳар ду мутриб, маст дар ишқи шаҳе. «Ё ҷиболу аввиби» амр омада, Ҳар ду ҳамовозу ҳампарда шуда. Гуфт: «Довудо! Ту ҳиҷрат дидаӣ, Баҳри ман аз ҳамдамон бибридаӣ. Эй ғариби фарди бемӯнис шуда, Оташи шавқ аз дилат шӯъла зада. Мутрибон хоҳиву қавволу надим, Кӯҳҳоро пешат орад он қадим. Мутрибу қавволу сурнойӣ кунад, Кӯҳ ба пешат бодпаймойӣ кунад. То бидонӣ нола чун кӯҳро равост, Белабу дандон валиро нолаҳост. Нағмаи аҷзои он софиҷасад Ҳар даме дар гӯши ҳиссаш мерасад. Ҳамнишинон нашнаванд, ӯ бишнавад, Эй хунукҷон, к-ӯ ба ғайбаш бигравад. Бингарад дар нафси худ сад гуфтугӯ, Ҳамнишини ӯ набурда ҳеч бӯ. Сад суолу сад ҷавоб андар дилат Мерасад аз ломакон то манзилат. Бишнавӣ ту, нашнавад з-он гӯшҳо, Гар ба наздики ту орад гӯшро. Гирам, эй кар, худ ту онро нашнавӣ, Чун мисолаш дидаӣ, чун награвӣ?
207/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|