 |
|
|
 |
Баёни он ки рафтани анбиё ва авлиё ба кӯҳҳо ва ғорҳо ҷиҳати пинҳон кардани хеш нест ва ҷиҳати хавфи ташвиши халқ нест, балки ҷиҳати иршоди халқ аст ва таҳриз бар инқитоъ аз дунё ба қадри мумкин Он ки гӯянд, авлиё дар кӯҳ буванд, То зи чашми мардумон пинҳон шаванд. Пеши халқ эшон фарози сад куҳанд, Гоми худ бар чархи ҳафтум мениҳанд. Пас чаро пинҳон шавад, куҳҷӯ бувад? К-ӯ зи сад дарёву куҳ з-он сӯ бувад. Ҳоҷаташ набвад ба сӯйи куҳ гурехт, К-аз паяш куррай фалак сад наъл рехт. Чарх гардиду надид ӯ гарди ҷон, Таъзиятҷома бипӯшид осмон. Гар ба зоҳир он парӣ пинҳон бувад, Одамӣ пинҳонтар аз парён бувад. Назди оқил з-он парӣ, ки музмар аст, Одамӣ сад бор худ пинҳонтар аст. Одамӣ наздики оқил чун хафист, Чун бувад одам, ки дар ғайб ӯ сафист.
205/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|