 |
|
|
 |
Тафсири ин хабари Мустафо алайҳиссалом, ки «ли-л-Қуръони заҳрун ва батнун ва либатниҳи батнун ило сабъати абтунин» Ҳарфи Қуръонро бидон, ки зоҳирест, Зери зоҳир ботине бас қоҳирест. Зери он ботин яке батни севум, Ки дар ӯ гардад хирадҳо ҷумла гум. Батни чорум аз нубӣ худ кас надид Ҷуз Худои беназири бенадид. Ту зи Қуръон, эй писар, зоҳир мабин, Дев одамро набинад ҷуз ки тин. Зоҳири Қуръон чу шахси одамист, Ки нуқушаш зоҳиру ҷонаш хафист. Мардро сад сол амму холи ӯ Як сари мӯйе набинад ҳоли ӯ.
204/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|