 |
|
|
 |
Узр гуфтани кадбону бо нахуд ва ҳикмати дар ҷӯш доштани кадбону нахудро Он сатӣ гӯяд варо, ки пеш аз ин Ман чу ту будам зи аҷзои замин. Чун бинӯшидам ҷиҳоди озарӣ, Пас пазиро гаштаму андарх(в)аре. Муддате ҷӯшидаам андар заман, Муддате дигар даруни деги тан. З-ин ду ҷӯшиш қуввати ҳисҳо шудам, Рӯҳ гаштам, пас туро усто шудам. Дар ҷамодӣ гуфтаме: з-он медавӣ, То шавӣ илму сифоти маънавӣ. Чун шудам ман рӯҳ, пас бори дигар Ҷӯши дигар кун, зи ҳайвонӣ гузар. Аз Худо мехоҳ, то з-ин нуктаҳо Дарналағзиву расӣ дар мунтаҳо. З-он ки аз Қуръон басе гумраҳ шуданд, З-он расан қавме даруни чаҳ шуданд. Мар расанро нест ҷурме, эй ануд! Чун туро савдои сарболо набуд.
201/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|