 |
|
|
 |
Масъалаи фано ва бақои дарвеш Гуфт қоил: «Дар ҷаҳон дарвеш нест В-ар бувад дарвеш, он дарвеш нест. Ҳаст аз рӯйи бақои зоти ӯ, Нест гашта васфи ӯ дар васфи ҳу. Чун забонай шамъ пеши офтоб Нест бошад, ҳаст бошад дар ҳисоб. Ҳаст бошад зоти ӯ, то ту агар Барниҳӣ пунба, бисӯзад з-он шарар. Нест бошад, равшанӣ надҳад туро, Карда бошад офтоб ӯро фано. Дар дусад ман шаҳд, як «авқийя халл», Чун дарафгандиву дар вай гашт ҳалл. Нест бошад таъми хал, чун мечашӣ, Ҳаст авқийя фузун, чун баркашӣ. Пеши шере оҳуе беҳуш шуд, Ҳастияш дар ҳасти ӯ рӯпӯш шуд. Ин қиёси ноқисон бар кори раб, Ҷӯшиши ишқ аст, н-аз тарки адаб. Набзи ошиқ беадаб бармеҷаҳад, Хешро дар каффаи шаҳ мениҳад. Беадабтар нест кас з-ӯ дар ҷаҳон, Боадабтар нест кас з-ӯ дар ниҳон. Ҳам ба нисбат дон вифоқ, эй мунтаҷаб! Ин ду зидди боадаб ё беадаб. Беадаб бошад, чу зоҳир бингарӣ, Ки бувад даъвии ишқаш ҳамсарӣ. Чун ба ботин бингарӣ, даъво куҷост? ӯву даъво пеши он султон фаност. Мота Зайдун, Зайд агар фоил бувад, Лек фоил нест, к-ӯ отил бувад. ӯ зи рӯйи лафзи наҳвӣ фоил аст В-арна ӯ мафъулу мавташ қотил аст. Фоили чӣ? К-ӯ чунон мақҳур шуд, Фоилиҳо ҷумла аз вай дур шуд.
178/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|