|
|
|
|
Ҳикмати вайрон шудани тан ба марг «Ман чу Одам, будам аввал ҳабси карб, Пур шуд акнун насли ҷонам Шарқу Ғарб. Ман гадо будам дар ин хонай чу чоҳ, Шоҳ гаштам, қаср бояд баҳри шоҳ». Қасрҳо худ мар шаҳонро маънас аст, Мурдаро хона-в макон гӯре бас аст. Анбиёро танг омад ин ҷаҳон, Чун шаҳон рафтанд андар ломакон. Мурдагонро ин ҷаҳон бинмуд фар, Зоҳираш зафту ба маънӣ тангбар. Гар набудӣ танг, ин афғон зи чист? Чун дуто шуд ҳар кӣ дар вай беш зист? Дар замони хоб чун озод шуд, З-он макон бингар, ки ҷон чун шод шуд? Золим аз зулми табиъат боз раст, Марди зиндонӣ зи фикри ҳабс ҷаст. Ин замину осмони бас фарох Сахт танг омад ба ҳангоми мунох. Чашмбанд омад фароху сахт танг, Хандаи ӯ гиря, фахраш ҷумла нанг.
170/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|