 |
|
|
 |
Баёни он ки ҳар чӣ доду офарид аз самовот ва арзайн ва аъёну аъроз, ҳама ба истидъои ҳоҷат офарид. Худро мӯҳтоҷи чизе бояд кардан, то бидиҳад, ки «амман юҷибу-л-музтарра изо даъоҳ?» Изтирор гувоҳи истеҳқоқ аст Он ниёзи марямӣ будасту дард, Ки чунон тифле сухан оғоз кард. Ҷузви ӯ бе ӯ барои ӯ бигуфт, Ҷузв-ҷузват гуфт дорад дар ниҳуфт. Дасту по шоҳид шавандат, эй раҳӣ! Мункириро чанд дасту по ниҳӣ? В-ар набошӣ мустаҳиққи шарҳу гуфт, Нотиқай нотиқ туро диду бихуфт. Ҳар чӣ рӯйид, аз пайи мӯҳтоҷ руст, То биёбад толибе чизе, ки ҷуст. Ҳақ таъоло гар самовот офарид, Аз барои дафъи ҳоҷот офарид. Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад, Ҳар куҷо фақре, наво он ҷо равад. Ҳар куҷо мушкил, ҷавоб он ҷо равад, Ҳар куҷо киштист, об он ҷо равад. Об кам ҷӯ, ташнагӣ овар ба даст, То биҷӯшад об аз болову паст. То назояд тифлаки нозукгулӯ, Кай равон гардад зи пистон шири ӯ? Рав бад-ин болову пастиҳо бидав, То шавӣ ташна- вҳароратро гарав. Баъд аз он аз бонги занбӯри ҳаво Бонги оби ҷав бинӯшӣ, эй киё! Ҳоҷати ту кам набошад аз ҳашиш, Обро гирӣ, суйи ӯ мекашиш. Гӯш гирӣ обро ту, мекашӣ, Сӯйи заръи хушк, то ёбад х(в)ашӣ. Заръи ҷонро, к-аш ҷавоҳир музмар аст, Абри раҳмат пур зи оби Кавсар аст. То «сақоҳум раббуҳум» ояд хитоб, Ташна бош, «Аллоҳу аълам би-с-савоб».
152/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|