 |
|
|
 |
Вахомати кори он мурғ, ки тарки ҳазм кард аз ҳирсу ҳаво Боз мурғе фавқи деворе нишаст, Дида сӯйи донаи доме бибаст. Як назар ӯ сӯйи саҳро мекунад, Як назар ҳирсаш ба дона мекашад. Ин назар бо он назар чолиш кард, Ногаҳоне аз хирад холиш кард. Боз мурғе, к-он тараддудро гузошт, З-он назар барканду бар саҳро гумошт. Шод болу парри ӯ, «баххан лаҳу», То имоми ҷумла озодон шуд ӯ. Ҳар кӣ ӯро муқтадо созад, бираст, Дар мақоми амну озодӣ нишаст. З-он ки шоҳи ҳозимон омад дилаш, То гулистону чаман шуд манзилаш. Ҳазм аз ӯ розиву ӯ розӣ зи ҳазм, Инчунин кун, гар кунӣ тадбиру азм. Борҳо дар доми ҳирс афтодаӣ, Ҳалқи худро дар буридан додаӣ. Бозат он таввоби лутф озод кард, Тавба пазруфту шуморо шод кард. Гуфт: «Ин удтум казо удно казо, Наҳну равваҷно-л-фиъола би-л-ҷазо». Чунки ҷуфтеро бари худ оварам, Ояд он ҷуфташ давона лоҷарам. Ҷуфт кардем ин амалро бо асар, Чун расад ҷуфте, расад ҷуфте дигар. Чун рабояд ғорате аз ҷуфт шӯй, Ҷуфт меояд паси ӯ шӯйҷӯй. Бори дигар сӯйи ин дом омадет, Хок андар дидаи тавба задет. Бозатон таввоб бигшод аз гиреҳ, Гуфт: «Ҳин, бигрез, рӯй ин сӯ манеҳ». Боз чун парвонаи нисён расид, Ҷонатонро ҷониби оташ кашид. Кам кун, эй парвона! Нисёну шаке, Дар пари сӯзида бингар ту яке. Чун раҳидӣ, шукр он бошад, ки ҳеч, Сӯйи он дона надорӣ печ-печ. То туро чун шукр гӯйӣ, бахшад ӯ Рӯзии бедому бехавфи адӯ. Шукри он неъмат, ки-тон озод кард, Неъмати Ҳақро бибояд ёд кард. Чанд андар ранҷҳову дар бало, Гуфтӣ: «Аз домам раҳо деҳ, эй Худо. То чунин хидмат кунам, эҳсон кунам, Хок андар дидаи шайтон занам».
132/229 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|