|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر سوم |
|
|
Баёни он ки хатои муҳиббон беҳтар аз савоби бегонагон аст назди маҳбуб Он Билоли сидқ дар бонги намоз «Ҳаййа»-ро «ҳаййа» ҳамехонд аз ниёз. То бигуфтанд: «Эй паямбар! Нест рост, Ин хато, акнун ки оғози биност. Эй набию эй расули кирдгор! Як муаззин, к-ӯ бувад афсаҳ, биёр. Айб бошад аввали дину салоҳ Лаҳн хондан лафзи «ҳай алла-л-фалоҳ». Хашми пайғамбар биҷӯшиду бигуфт Як-ду рамзе аз иноёти ниҳуфт. К-эй хасон! Назди Худо «ҳайъи» Билол Беҳтар аз сад ҳаййу хаййу қилу қол. Вомашӯронед, то ман розатон Вонагӯям охиру оғозатон. Гар надорӣ ту дами хуш дар дуъо, Рав, дуъо мехоҳ з-ихвони сафо.
Саҳифаи 6/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|