|
Қиссаи хоб дидани Фиръавн омадани Мӯсоро алайҳиссалом ва тадорук андешидан Ҷаҳди фиръавнӣ чу бетавфиқ буд, Ҳарчи ӯ медӯхт, он тафтиқ буд. Аз мунаҷҷим буд дар ҳукмаш ҳазор В-аз муаббир низу соҳир бешумор. Мақдами Мӯсо намудандаш ба хоб, Ки кунад Фиръавну мулкашро хароб. Бо муаббир гуфту бо аҳли нуҷум: «Чун бувад дафъи хаёлу хоби шум?» Ҷумла гуфтандаш, ки тадбире кунем, Роҳи зоданро чу раҳзан мезанем. То расид он шаб, ки мавлид буд он, Рой ин диданд он фиръавниён, Ки бурун оранд он рӯз аз пагоҳ Сӯйи майдон базму тахти подшоҳ: «Ас-сало, эй ҷумла исроилиён, Шоҳ мехонад шуморо з-он макон. То шуморо рӯ намояд бе ниқоб, Бар шумо эҳсон кунад баҳри савоб». К-он асиронро ба ҷуз дурӣ набуд, Дидани Фиръавн дастурӣ набуд. Гар фитодандӣ ба раҳ дар пеши ӯ, Баҳри он ёса бихуфтандӣ ба рӯ. Ёса ин буд, ки набинад ҳеч асир, Дар гаҳу бегаҳ лиқои он амир. Бонги човушон чу дар раҳ бишнавад, То набинад, рӯ ба деворе кунад. В-ар бибинад рӯйи ӯ, муҷрим бувад, Он чӣ баттар, бар сари ӯ он равад. Будашон ҳирси лиқои мумтанеъ, Чун ҳарис аст одамӣ «фӣ мо мунеъ».
Саҳифаи 27/229 |