|
Тафсири «Ва латаърифаннаҳум фӣ лаҳни-л-қавл» Гуфт Яздон мар набиро дар масоқ Як нишоне саҳлтар з-аҳли нифоқ. Гар мунофиқ зафт бошад, нағзу ҳавл, Вошиносӣ мар варо дар лаҳни қавл. Чун сафолин кӯзаҳоро мехарӣ, Имтиҳоне мекунӣ, эй муштарӣ. Мезанӣ дасте бар он кӯза чаро? То шиносӣ аз танин ишкастаро. Бонги ишкаста дигаргун мебувад, Бонги човуш аст, пешаш меравад. Бонг меояд, ки таърифаш кунад, Ҳамчу масдар, феъл тасрифаш кунад. Чун ҳадиси имтиҳон рӯйе намуд, Ёдам омад қиссаи Ҳорут зуд:
Саҳифаи 25/229 |