|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر سوم |
|
|
Афтодани шағол дар хуми ранг ва рангин шудан ва даъвои товусӣ кардан миёни шағолон Он шағоле рафт андар хумми ранг, Андар он хум кард як соат диранг. Пас баромад, пӯсташ рангин шуда, Ки манам товуси илиййин шуда. Пашми рангин равнақи хуш ёфта Офтоб он рангҳо бартофта. Дид худро сабзу сурху фуру зард, Хештанро бар шағолон арза кард. Ҷумла гуфтанд: «Эй шағолак! Ҳол чист? Ки туро дар сар нишоте мултавист. Аз нишот аз мо карона кардаӣ, Ин такаббур аз куҷо овардаӣ?» Як шағоле пеши ӯ шуд, к-эй фалон! Шайд кардӣ ё шудӣ аз хушдилон? Шайд кардӣ, то ба минбар барҷаҳӣ, То зи лоф ин халқро ҳасрат диҳӣ. Пас бикӯшидӣ, надидӣ гармие, Пас зи шайд овардаӣ бешармие. Гармӣ они авлиёву анбиёст, Боз бешармӣ паноҳи ҳар дағост. К-илтифоти халқ сӯйи худ кашанд, Ки «хушем»-у аз дарун бас нох(в)ашанд.
Саҳифаи 20/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|