Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Третья тетрадь

 
rumi

Расидани хоҷа ва қавмаш ба деҳ ва нодида ва ношинохта овардани рустоӣ эшонро

Баъди моҳе чун расиданд он тараф,
Бенаво эшон, сутурон беалаф.
Рустоӣ бин, ки аз баднийятӣ
Мекунад «баъда-л-латайё валлатӣ».
Рӯй пинҳон мекунад з-эшон ба рӯз,
То суйи боғаш бинагшоянд пӯз.
Ончунон рӯ, ки ҳама зарқу шар аст,
Аз мусулмонон ниҳон авлотар аст.
Рӯйҳо бошад, ки девон чун магас
Бар сараш биншаста бошад чун ҳарас.
Чун бибинӣ рӯйи ӯ, дар ту фитанд,
Ё мабин он рӯ, чу дидӣ, хуш маханд.
Дар чунон рӯйи хабиси осия,
Гуфт Яздон: «Насфаъан би-н-носия».
Чун бипурсиданду хона-ш ёфтанд,
Ҳамчу хешон сӯйи дар биштофтанд.
Дар фурӯ бастанд аҳли хонааш,
Хоҷа шуд з-ин кажравӣ девонаваш.
Лек ҳангоми дуруштӣ ҳам набуд,
Чун дарафтодӣ ба чаҳ, тезӣ чӣ суд?
Бар дараш монданд эшон панҷ рӯз,
Шаб ба сармо, рӯз худ хуршедсӯз.
На зи ғафлат буд мондан, на харӣ,
Балки буд аз изтирору бехарӣ.
Бо лаъимон баста некон з-изтирор,
Шер мурдоре хурад аз ҷӯъи зор.
ӯ ҳамедидаш, ҳамекардаш салом,
Ки фалонам ман, маро ин аст ном.
Гуфт: «Бошад. Ман чӣ донам ту киӣ,
Ё палидӣ ё қарини покиӣ».
Гуфт: «Ин дам бо қиёмат шуд шабеҳ,
То бародар шуд «яфиру мин ахиҳ».
Шарҳ мекардаш, ки ман онам ки ту
Лутҳо хӯрдӣ зи хони ман дутӯ.
Он фалон рӯзат харидам он матоъ,
«Куллу сиррин ҷоваза-л-иснайни шоъ».
Сирри меҳри мо шунидастанд халқ,
Шарм дорад рӯ, чу неъмат хӯрд ҳалқ.
ӯ ҳамегуфташ: «Чӣ гӯйӣ турраҳот?
На туро донам, на номи ту, на ҷот».
Панҷумин шаб абру бороне гирифт,
К-осмон аз боришаш дорад шигифт.
Чун расид он корд андар устухон,
Ҳалқа зад хоҷа, ки меҳтарро бихон.
Чун ба сад илҳоҳ омад сӯйи дар,
Гуфт: «Охир чист, эй ҷони падар?»
Гуфт: «Ман он ҳаққҳо бигзоштам,
Тарк кардам, он чӣ мепиндоштам.
Панҷсола ранҷ дидам панҷ рӯз,
Ҷони мискинам дар ин гармову сӯз».
Як ҷафо аз хешу аз ёру табор
Дар гаронӣ ҳаст чун сесад ҳазор.
З-он ки дил нанҳод бар ҷавру ҷафош,
Ҷон-ш хӯгар буд бо лутфу вафош.
Ҳар чӣ бар мардум балову шиддат аст,
Ин яқин дон, к-аз хилофи одат аст.
Гуфт: «Эй хуршеди меҳрат дар завол,
Гар ту хунам рехтӣ, кардам ҳалол.
Имшаби борон ба мо деҳ гӯшае,
То биёбӣ дар қиёмат тӯшае».
Гуфт: «Як гӯша-ст они боғбон,
Ҳаст ин ҷо гургро ӯ посбон.
Дар кафаш тиру камон аз баҳри гург,
То занад, гар ояд он гурги сутург.
Гар ту он хидмат кунӣ, ҷо они туст
В-арна ҷойи дигаре фармой ҷуст».
Гуфт: «Сад хидмат кунам, ту ҷой деҳ,
Он камону тир дар каффам бинеҳ.
Менахусбам, ҳорисии зар кунам,
Гар барорад гург сар, тираш занам.
Баҳри Ҳақ магзорам имшаб, эй дудил,
Оби борон бар сару дар зер гил».
Гӯшае холӣ шуду ӯ бо иёл
Рафт он ҷо, ҷойи тангу бемаҷол.
Чун малах бар ҳамдигар гашта савор,
Аз ниҳеби сел андар кунҷи ғор.
Шаб ҳама шаб, ҷумла гӯён: «Эй Худо,
Ин сазои мо, сазои мо, сазо.
Ин сазои он ки шуд ёри хасон,
Ё касӣ кард аз барои нокасон».
Ин сазои он ки андар тамъи хом
Тарк гӯяд хидмати хоки киром.
Хоки покон лесиву деворашон,
Беҳтар аз ому зару гулзорашон.
Бандаи як марди равшандил шавӣ,
Беҳ, ки бар фарқи сари шоҳон равӣ.
Аз мулуки хок ҷуз бонги дуҳул
Ту нахоҳӣ ёфт, эй пайки субул.
Шаҳриён худ раҳзанон нисбат ба рӯҳ,
Рустоӣ кист? Гиҷу бефутӯҳ.
Ин сазои он ки бе тадбири ақл
Бонги ғуле омадаш, бигзид нақл.
Чун пушаймонӣ зи дил шуд то шағоф,
З-он сипас суде надорад эътироф.
Он камону тир андар даст ӯ
Гургро ҷӯён ҳама шаб сӯ ба сӯ.
Гург бар вай худ мусаллат чун шарар,
Гургҷӯёну зи гург ӯ бехабар.
Ҳар паша, ҳар кайк чун гурге шуда,
Андар он вайрона-шон захме зада.
Фурсати он пашша рондан ҳам набуд
Аз ниҳеби ҳамлаи гурги ануд.
То набояд гург осебе занад,
Рустоӣ риши хоҷа барканад.
Инчунин дандонканон то нимшаб
Ҷонашон аз ноф меомад ба лаб.
Ногаҳон тимсоли гурги ҳиштае
Сар баровард аз фарози пуштае.
Тирро бигшод он хоҷа зи шаст,
Зад бар он ҳайвон, ки то афтод паст.
Андар афтодан зи ҳайвон бод ҷаст,
Рустоӣ ҳой карду кӯфт даст:
«Ноҷавонмардо», ки «харкуррай ман аст»,
Гуфт: «На! Ин гурги чун Оҳарман аст.
Андар ӯ ашколи гургӣ зоҳир аст,
Шакли ӯ аз гургии ӯ мухбир аст».
Гуфт: «На! Боде, ки ҷаст аз фарҷи вай
Мешиносам, ҳамчунон-к обе зи май.
Куштаӣ харкурраамро дар риёз,
Ки мабодат баст ҳаргиз з-инқибоз».
Гуфт: «Некӯтар таҳаффус кун, шаб аст,
Шахсҳо дар шаб зи нозир муҳҷаб аст.
Шаб ғалат бинмояду мубдал басе,
Диди соиб шаб надорад ҳар касе.
Ҳам шабу ҳам абру ҳам борони жарф,
Ин се торикӣ ғалат орад шигарф».
Гуфт: «Он бар ман чу рӯзи равшан аст,
Мешиносам, боди харкуррай ман аст.
Дар миёни бист бод он бодро
Мешиносам, чун мусофир зодро».
Хоҷа барҷасту биёмад ношигифт,
Рустоиро гиребонаш гирифт.
К-аблаҳи таррор, шайд овардаӣ!
Бангу афюн ҳар ду бо ҳам х(в)ардаӣ!
Дар се торикӣ шиносӣ боди хар?
Чун надонӣ мар маро, эй хирасар?»
Он кӣ донад нимшаб гӯсоларо,
Чун надонад ҳамраҳи даҳсоларо?
Хештанро орифу вола кунӣ,
Хок дар чашми мурувват мезанӣ.
Ки маро аз хеш ҳам огоҳ нест,
Дар дилам гунҷой ҷуз Аллоҳ нест.
Он чӣ дӣ хӯрдам, аз онам ёд нест,
Ин дил аз ғайри таҳайюр шод нест.
Оқилу маҷнуни Ҳаққам, ёд ор,
Дар чунин бехешиям маъзур дор.
Он кӣ мурдоре хурад, яъне набид,
Шаръ ӯро сӯйи маъзурон кашид.
Масту бангиро талоқу байъ нест,
Ҳамчу тифл аст ӯ, муъофу мӯътақист.
Мастие, к-ояд зи бӯйи шоҳи фард,
Сад хуми май дар сару мағз он накард.
Пас бар ӯ таклиф чун бошад раво?
Асб соқит гашту шуд бедасту по.
Бор кӣ нҳад дар ҷаҳон харкурраро?
Дарс кӣ дҳад порсӣ Бӯмурраро?
Бор баргиранд, чун омад араҷ,
Гуфт Ҳақ: «Лайса ала-л-аъмо ҳараҷ».
Сӯйи худ аъмо шудам, аз Ҳақ басир,
Пас муофам аз қалилу аз касир.
Лофи дарвешӣ заниву бех(в)адӣ,
Ҳой-ҳуйи мастиёни эзадӣ
Ки заминро ман надонам з-осмон,
Имтиҳонат кард ғайрат, имтиҳон.
Боди харкурра чунин расвот кард,
Ҳастии нафйи туро исбот кард.
Инчунин расво кунад Ҳақ шайдро,
Инчунин гирад рамидасайдро.
Сад ҳазорон имтиҳон аст, эй писар,
Ҳар кӣ гӯяд ман шудам сарҳанги дар.
Гар надонад ома ӯро з-имтиҳон,
Пухтагони роҳ ҷӯяндаш нишон.
Чун кунад даъвои хайётӣ хасе,
Афканад дар пеши ӯ шаҳ атласе.
Ки бибур инро бағалтоқи фарох,
З-имтиҳон пайдо шавад ӯро ду шох.
Гар набудӣ имтиҳони ҳар бадӣ,
Ҳар муханнас дар вағо Рустам будӣ.
Худ муханнасро зиреҳпӯшида гир,
Чун бибинад захм, гардад чун асир.
Масти Ҳақ ҳушёр чун шуд аз дабур?
Масти Ҳақ н-ояд ба худ аз нафхи сур.
Бодаи Ҳақ рост бошад, бе дурӯғ,
Дӯғ хӯрдӣ, дӯғ хӯрдӣ, дӯғ-дӯғ.
Сохтӣ худро Ҷунайду Боязид:
«Рав, ки нашносам табарро аз калид».
Бадрагиву манбаливу ҳирсу оз
Чун кунӣ пинҳон ба шайд, эй макрсоз?
Хешро Мансури Ҳаллоҷе кунӣ,
Оташе дар пунбаи ёрон занӣ.
Ки бинашносам Умар аз Бӯлаҳаб,
Боди куррай худ шиносам нимшаб.
Эй харе, к-ин аз ту хар, бовар кунад,
Хешро баҳри ту кӯру кар кунад.
Хешро аз раҳравон камтар шумар,
Ту ҳарифи раҳриёнӣ, гуҳ мах(в)ар.
Бозпар аз шайд, сӯйи ақл тоз,
Кай парад бар осмон парри маҷоз?
Хештанро ошиқи Ҳақ сохтӣ,
Ишқ бо деви сиёҳе бохтӣ.
Ошиқу маъшуқро дар растахез
Ду ба ду банданду пеш оранд тез.
Ту чӣ худро гиҷу бехуд кардаӣ?
Хуни раз ку? Хуни моро х(в)ардаӣ.
Рав, ки нашносам туро, аз ман биҷеҳ,
Орифи бехешаму Баҳлули деҳ.
Ту таваҳҳум мекунӣ аз қурби Ҳақ,
Ки табақгар дур набвад аз табақ.
Ин намебинӣ, ки қурби авлиё
Сад каромат дораду кору киё.
Оҳан аз Довуд муме мешавад,
Мум дар дастат чу оҳан мебувад.
Қурби халқу зарқ бар ҷумласт ом,
Қурби ваҳйи ишқ доранд ин киром.
Қурб бар анвоъ бошад, эй падар,
Мезанад хуршед бар кӯҳсору зар.
Лек қурбе ҳаст бо зар шедро,
Ки аз он огаҳ набошад бедро.
Шохи хушку тар қариби офтоб,
Офтоб аз ҳар ду кай дорад ҳиҷоб?
Лек ку он қурбати шохи тарӣ?
Ки симори панҷа аз вай мех(в)арӣ.
Шохи хушк, аз қурбати он офтоб
Ғайри зутар хушк гаштан, гӯ, биёб.
Ончунон масте мабош, эй бехирад,
Ки ба ақл ояд, пушаймонӣ хурад.
Балк аз он мастон, ки чун май мех(в)аранд,
Ақлҳои пухта ҳасрат мебаранд.
Эй гирифта ҳамчу гурба муши пир,
Гар аз он ме-шер гирӣ, шер гир.
Эй бихӯрда аз хаёле ҷоми ҳеч,
Ҳамчу мастони ҳақоиқ бармапеч.
Мефутӣ ин сӯву он сӯ маствор,
Эй ту ин сӯ! Нестат з-он сӯ гузор.
Гар бад-он сӯ роҳ ёбӣ, баъд аз он,
Гаҳ бад-ин сӯ, гаҳ бад-он сӯ сар фишон.
Ҷумла ин сӯйӣ, аз он сӯ гап мазан,
Чун надорӣ марг, ҳарза ҷон макан.
Он хизирҷон, к-аз аҷал наҳросад ӯ,
Шояд ар махлуқро нашносад ӯ.
Ком аз завқи таваҳҳум х(в)аш кунӣ,
Дардамӣ дар хики худ, пурраш кунӣ.
Пас ба як сӯзан тиҳӣ гардӣ зи бод,
Инчунин фарбеҳ тани оқил мабод.
Кӯраҳо созӣ зи барф андар шито,
Кай кунад, чун об бинад он вафо?

Страница 19/229
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Четвертая тетрадь
Пятая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj