|
Даъвати боз батонро аз об ба саҳро Боз гӯяд баттро, к-аз об хез, То бибинӣ даштҳоро қандрез. Батти оқил гӯядаш: «Эй боз! Дур, Об моро ҳисну амн асту сурур». Дев чун бозомад, эй баттон шитоб Ҳин, ба берун кам равед аз ҳисни об. Бозро гӯед: «Рав рав, бозгард, Аз сари мо даст дор, эй поймард. Мо барӣ аз даъватат, даъват туро, Мо нанӯшем ин дами ту, кофиро! Ҳисн моро, қанду қандистон туро, Ман нахоҳам ҳадяат, бистон, туро. Чунки ҷон бошад, наёяд лут кам, Чунки лашкар ҳаст, кам н-ояд алам. Хоҷаи ҳозим басе узр оварид, Бас баҳона кард бо деви марид». Гуфт: «Ин дам корҳо дорам муҳим, Гар биёям, он нагардад мунтазим. Шоҳ кори ноз кам фармудааст, З-интизорам шоҳ шаб нағнудааст. Ман наёрам тарки амри шоҳ кард, Ман натонам шуд бари шаҳ рӯйзард. Ҳар сабоҳу ҳар масо сарҳанги хос Мерасад, аз ман ҳамеҷӯяд манос. Ту раво дорӣ, ки оям сӯйи деҳ, То дар абрӯ афганад султон гиреҳ? Баъд аз он дармони хашмаш чун кунам? Зинда худро з-ин магар мадфун кунам?» З-ин намат ӯ сад баҳона бозгуфт, Ҳилаҳо бо ҳукми Ҳақ нафтод ҷуфт. Гар шавад зарроти олам ҳилапеч, Ё қазои осмон, ҳечанд, ҳеч. Чун гурезад ин замин аз осмон? Чун кунад ӯ хешро аз вай ниҳон? Ҳарчи ояд з-осмон сӯйи замин, На мафар дорад, на чора, на камин. Оташ ар хуршед меборад бар ӯ, ӯ ба пеши оташаш бинҳода рӯ. В-ар ҳаме тӯфон кунад борон бар ӯ, Шаҳрҳоро мекунад вайрон бар ӯ. ӯ шуда таслими ӯ айюбвор, Ки асирам, ҳар чӣ мехоҳӣ, бибор. Эй ки ҷузви ин заминӣ! Сар макаш, Чунки бинӣ ҳукми Яздон, дар макаш. Чун «халақнокум» шунидӣ «мин туроб», «Хок бошӣ» ҷуст аз ту рӯ матоб. Бин, ки андар хок тухме коштам, Кард хокиву манаш афроштам. Ҳамлаи дигар ту хокӣ пеша гир, То кунам бар ҷумла миронат амир. Об аз боло ба пастӣ дарравад, Он гаҳ аз пастӣ ба боло барравад. Гандум аз боло ба зери хок шуд, Баъд аз он ӯ хӯшаву чолок шуд. Донаи ҳар мева омад дар замин, Баъд аз он сарҳо баровард аз дафин. Асли неъматҳо зи гардун то ба хок Зер омад, шуд ғизои ҷони пок. Аз тавозӯъ чун зи гардун шуд ба зер Гашт ҷузви одамӣ ҳаййи далер. Пас сифоти одамӣ шуд он ҷамод, Бар фарози арш паррон гашт шод. К-аз ҷаҳони зинда, з-аввал омадем, Боз аз пастӣ суйи боло шудем. Ҷумла аҷзо, дар таҳаррук, дар сукун, Нотиқон, к- «инно илайҳи роҷеъун». Зикру тасбеҳоти аҷзои ниҳон Ғофилӣ афганд андар осмон. Чун қазо оҳанги норанҷот кард, Рустоӣ шаҳриеро мот кард. Бо ҳазорон ҳазм хоҷа мот шуд, З-он сафар дар маърази офот шуд. Эътимодаш бар суботи хеш буд, Гарчи кӯҳ буд, ним селаш даррабуд. Чун қазо берун кунад аз чарх сар, Оқилон гарданд ҷумла кӯру кар. Моҳиён афтанд аз дарё бурун, Дом гирад мурғи парронро забун. То париву дев дар шиша шавад, Балки Ҳоруте ба Бобил дарравад. Ҷуз касе, к-андар қазо андаргурехт, Хуни ӯро ҳеч тарбеъе нарехт. Ғайри он ки даргурезӣ дар қазо, Ҳеч ҳила надҳадат аз вай раҳо.
Саҳифаи 14/229 |