|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر سوم |
|
|
Қиссаи аҳли Сабо ва тоғӣ кардани неъмат эшонро ва дар расидани шумии туғён ва куфрон дар эшон ва баёни фазилати шукру вафо Ту нахондӣ қиссаи аҳли Сабо, Ё бихондиву надидӣ ҷуз садо. Аз садо он кӯҳ худ огоҳ нест, Сӯйи маънӣ ҳуши кӯҳро роҳ нест. ӯ ҳаме бонге кунад бе гӯшу ҳуш, Чун хамуш кардӣ ту, ӯ ҳам шуд хамӯш. Дод Ҳақ аҳли Саборо бас фароғ, Сад ҳазорон қасру айвонҳову боғ. Шукри он нагзорданд он бадрагон, Дар вафо буданд камтар аз сагон. Мар сагеро луқмаи ноне зи дар, Чун расад, бар дар ҳамебандад камар. Посбону ҳориси дар мешавад, Гарчи бар вай ҷавру сахтӣ меравад. Ҳам бар он дар бошадаш бошу қарор, Куфр дорад кард ғайре ихтиёр. В-ар саге ояд ғарибе, рӯзу шаб, Он сагонаш мекунанд он дам адаб. Ки бирав он ҷо, ки аввал манзил аст, Ҳаққи он неъмат гаравгони дил аст. Мегазандаш, ки бирав бар ҷои хеш, Ҳаққи он неъмат фурӯ магзор беш. Аз дари дил в-аҳли дил оби ҳаёт Чанд нӯшидиву во шуд чашмаҳот. Бас ғизои сукру ваҷду бех(в)адӣ, Аз дари аҳли дилон бар ҷон задӣ. Боз ин дарро раҳо кардӣ зи ҳирс? Гирди ҳар дуккон ҳамегардӣ чу хирс? Бар дари он мӯъминони чарбдег Медавӣ баҳри сариди мурдарег? Чарбиш ин ҷо дон, ки ҷон фарбеҳ шавад, Кори ноуммед ин ҷо беҳ шавад.
Саҳифаи 10/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|